ABNA24: Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , шомгоҳи сешанбе бар асари оташсузӣ ва таркиши капсули оксиген дар як клиники дармонӣ дар шимоли Теҳрон, бахше аз ин сохтмон вайрон шуд ; дар паи ин ҳодиса , 19 нафар ҷон бохтанд ва 14 нафар низ масдум шуданд.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ рӯзи чоршанбе дар паёме дастгоҳҳои масулро мувазаф карданд , зимни баррасии мавзуъ, тадбирҳои лозимро барои костан аз осебҳо ва хасоратҳо ба кор бигиранд ва монеи чунин зойиоти беҷуброне шаванд.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин дар ин паём таъкид карданд ; баррасии дурусти ин ҳодиса низ бояд ба василаи дастгоҳҳои масул сариан анҷом шавад.
342/